Рӯзномаи “Guardian” чопи Лондон дар шумораи рӯзи ҷумъаи худ мақолаеро зери унвони “Гуфтугӯ бо Толибон: Камтар аз дида ба дидор” ба нашр расонидааст.
Дар ин мақола гуфта мешавад, ки агар бо Толибон воқеан музокира сурат бигирад, чунин музокирот ба Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико ва Девид Камерон, нахуствазири Британия иҷоза хоҳад дод, то онҳо иддао кунанд, ки раванди сулҳ вуҷуд дорад.
ОЁ БА ТОЛИБОН ГУЗАШТ МЕКУНАНД?
“Guardian” менависад, Британия ва Амрико ба СММ фишор меоранд, ки таҳримҳо бар зидди 18 нафар аз аъзои боломақоми Толибонро аз миён бардорад. Гуфта мешавад, ҷанги тӯлонӣ бо Толибон танҳо замоне бо ҳалли сиёсӣ ба поён хоҳад расид, ки дар ҳукумати ояндаи Афғонистон ба Толибон низ саҳме қоил шаванд.
Гузашта аз ин бояд маҳдудият дар сафари аъзои Толибон лағв шавад ва онҳо дубора ҳаққи истифода аз ҳисобҳои бонкии худро ба даст оранд. Ва муҳимтарин масъалае, ки Толибон рӯи он пофишорӣ мекунанд, раҳоии толибони зиндонӣ аз маҳбаси Багром ва боздоштгоҳи Гуантанамо мебошад. То ҳол миёни Толибон ва мақомоти Амрико дар Қатар ва дар Олмон музокироти мустақим анҷом гирифтааст. Қатар, Туркия ва Туркманистон ризоят додаанд, ки Толибон дар ин кишварҳо намояндагии худро боз кунанд.
Тамос бо Толибон як соли пеш шурӯъ шуд ва ҳоло ба ин раванд мақомоти аршади ҳукумати Кобул низ ворид шудаанд. Бино ба ҳисоби коршиносон, масорифи ҷанг дар Афғонистон соле ба 112 миллиард доллар баробар мешавад. Рӯзномаи “Guardian” ҳадс мезанад, ки агар музокироти воқеӣ оғоз ёфта бошад, дар он сурат Барак Обама ва Девид Камерон моҳи оянда роҷеъ ба оғози нерӯҳои худ аз Афғонистон эъломия пахш хоҳанд кард.
РОҲИ ХАТМИ ҶАНГ ВУҶУД ДОРАД?
Дар поёни соли ҷорӣ дар Бонн роҷеъ ба Афғонистон конфронсе баргузор мешавад. Соли оянда низ дар Амрико интихоботи раёсати ҷумҳурӣ фаро мерасад ва соли 2014 мӯҳлати ниҳоии хуруҷи нерӯҳо аз Афғонистон эълон шудааст. Ба навиштаи “Guardian”, Обама зери фишор қарор дорад ва бояд нишон диҳад, ки роҳи хатми ҷанг дар Афғонистонро пайдо кардааст, ҷанге, ки нерӯҳои Амрико даргирӣ он ҳастанд.
Ба ин далел музокира бо Толибон ба вай имкон хоҳад дод, то бигӯяд, ки роҳи бурунрафт аз бӯҳрон пайдо шудааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки Усома бин Лодин, раҳбари шабакаи террористии Ал Қоида, ки бо Толибон ҳамкории танготанг дошт, дар аввали моҳи май дар Покистон кушта шуд ва арзёбиҳои куштори вай то ҳол аз сафаҳоти матбуот нарафтааст.
Бо назардошти ин нукта дар як гуфтугӯ бо Брешно Назарӣ, таҳлилгари умури Афғонистон дар Кобул нахуст аз вай пурсидам, оё куштори Усома бин Лодин метавонад раванди музокира бо Толибонро суръат бахшад?
Брешно Назарӣ: Кушта шудани Усома бин Лодин сафҳаи мубориза бо терроризмро дар минтақа тағйир додааст. Заминаи наздикиҳои бештари музокира бо мухолифони мусаллаҳи давлати Афғонистон, ки умдатан Толибон ҳастанд, фароҳам сохт ва интизори бештар ҳам мерафт. Ҳатто як рӯз пас аз кушта шудани Усома бин Лодин, чароғҳои сабзе ба назар расид, ки ҳам мухолифони давлати Афғонистон доштанд ва ҳам дар айни ҳол таҳаррукоти тозае пайдо шуд дар заминаи оғози музокироти тоза бо Толибон, то битавонанд ин гурӯҳро водор созанд, ки даст аз ҷанг бардорад ва раванди сулҳро таъқиб кунад.
Суол: Оё имкон дорад, ки бо пешниҳоди Амрико ва Британия таҳримҳои СММ бар зидди афроди боломақоми Толибон аз миён бардошта шавад?
Брешно Назарӣ: Агар гурӯҳи Толибон бихоҳад равобити худро бо шабакаҳои террористии ҷаҳон маҳдуд бисозанд ё қатъ кунанд, замина ва шонси бештаре барояшон пайдо мешавад, то кишварҳое, ки Толибонро дар феҳристи сиёҳи худ ҷой дода буданд ва ҳисобҳои бонкиашонро мунҷамид сохта буданд, дар ин бора таҷдиди назар бикунанд ва ин заминаро фароҳам созанд, то таҳримҳое, ки бар зидди Толибон вуҷуд дорад, аз байн бибаранд.
Суол: Худи Толибон чӣ чизро мехоҳанд ба унвони шарти пешрафти музокира матраҳ кунанд?
Брешно Назарӣ: Масалан, мавзӯе, ки худи Толибон мехоҳанд, ин аст, ки хуруҷи нерӯҳои байналмиллалӣ аз Афғонистон ҳатмӣ бошад, нерӯҳои байналмиллалӣ, ки ҳоло дар Афғонистон ҳузур доранд, дар як пойгоҳи асосии Афғонистон дар шимоли Кобул дар Багром ҷамъ шаванд ва дар нуқоти дигари Афғонистон фаъолияте надошта бошанд. Ҳамзамон ҳамлаҳои ҳавоии нерӯҳои байналмиллалӣ, аз ҷумла ҳавопаймоҳои бесарнишини амрикоӣ дар манотиқи Вазиристони Покистон боздошта шавад. Ҳамчунин Толибон дархост ҳам кардаанд, то ҳисобҳои бонкии худро, ки дар замони тасаллути худ дар бонкҳои байналмиллалӣ доштанд ва ҳоло мунҷамид шудааст, дубора боз шаванд. Заминаи сафар ба Толибон фароҳам шавад, зеро дар феҳристи сиёҳе, ки дар СММ ва дар Кохи Сафеди Амрико вуҷуд дорад, номи шумораи зиёди Толибон дар он оварда шудааст, ки онҳо иҷозаи рафту омад ё сафар надоранд. Аммо таҳаррукоти тоза ва музокироти тоза ва суханҳое, ки дар мавриди музокира гуфта мешавад, мумкин аст заминаи зиёдеро фароҳам созад, то бархе аз хостаҳои Толибон, ба шумули фаъол шудани ҳисобҳои бонкии онҳо ва ҳамчунин масъалаи сафари онҳо ба берун аз Афғонистон муҳайё шавад. Аммо гузоришҳое дар дохили Афғонистон мунташир шудааст, ки намояндаи хоси Мулло Умар дар Олмон будааст ва музокироте бо амрикоиҳо доштааст. Аммо то кунун ҷузъиёти бештаре дар ин замина дар даст нест.
Суол: Бубинед, ин ҷо шумо дар бораи иҷозаи сафари афроди Толибон ёдоварӣ кардед. Покистон ва Арабистони Саудӣ кишварҳое ҳастанд, ки то ҳол Толибон ба он ҷо бидуни мамониат рафту омад мекарданд. Оё ба музокира намояндагони ин кишварҳо низ ҷалб хоҳанд шуд? Масалан, ба раванди сулҳи тоҷикон кишварҳое аз қабили Афғонистону Эрон, Русия ва амсоли он ҷалб шуда буданд ва онҳо ба наҳве зомини сулҳ низ буданд.
Брешно Назарӣ: Дар ҳақиқат нақши кишварҳои ҳамсояи Афғонистон дар овардани сулҳу субот бисёр муҳим аст ва ҳамчунин кишварҳое, ки дар қазияи Афғонистон зидахл буданд, монанди Покистон Арабистони Саудӣ, Имороти Муттаҳидаи Араб, ҳатто Туркманистон, ки дар замони Толибон равобити бисёр наздике дошт. Ин масъала ҳанӯз ҳам матраҳ мешавад. Қаблан масъалаи эҷоди намояндагии Толибони мусаллаҳ дар Туркия ҳам мавриди баҳс қарор гирифта буд ва роҷеъ ба он тавофуқи куллӣ ҳосил нашуд. Аммо метавон ҳадс зад, ки Толибони мусаллаҳ бо ин кишварҳо равобит доранд ва ин кишварҳо ҳам манофеи худро ҳифз кардаанд ва мехоҳанд дар ин музокирот ҳузур дошта бошанд.