"Коля-Қирғиз" дар рӯйхати сиёҳи наркобаронҳо

Қамчибек Қулбоев

Як шаҳрванди Қирғизистон шомили рӯйхати сиёҳи наркобаронҳои Амрико шудааст. Қамчибек Қулбоев дар шумули 7 нафарест, ки раисиҷумҳури Амрико Барак Обама рӯзи 1 июн ба рӯйхати афроди таҳти таҳримоти Вошингтон шомилаш кард. Ин иқдом ба атбоъ ва ширкатҳои Амрико ҳар навъ муомила бо Қулбоевро манъ мекунад. Қамчибек Қулбоев дар Қирғизистон ҳам ба унвони яке аз раҳбарони дунёи ҷиноӣ ва бо ҷароиме, чун қочоқи маводи мухаддир ва қасди куштор, таҳти таъқиб қарор дошта, тавассути Интерпол ҷустуҷӯ мешавад.
Қамчибек Қулбоев, мулаққаб ба “Қамчӣ Бишкекский” ва “Коля-Қирғиз”, соли 1974 дар Чӯлпон-Отаи Қирғизистон таваллуд шудааст. Муовини вазири дохилаи Қирғизистон Мелис Турғунбоев ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ӯ бо яке аз бародарони раиси собиқи ин ҷумҳурӣ Қурмонбек Боқиев иртибот дошт.