Ягона ошхонаи хайриявӣ, ки ба беш аз 100 бознишастаи бепарастори Қӯрғонтеппа ғизои ройгон медод, баста шудааст.
Гурӯҳе аз пиронсолон аз тасмими Шарифхон Самиев, шаҳрдори Қӯрғонтеппа, дар мавриди боздоштани фаъолияти ин ошхона изҳори норизоӣ намуда, мегӯянд, барои ҳимоят аз ҳуқуқи худ ба раиси ҷумҳури Тоҷикистон муроҷиат хоҳанд кард.
ПИРОНИ БАРҶОМОНДА НОРОЗӢ ҲАСТАНД...
Соҳибкор Раъно Назирова, ки яке аз ду раҳбари ошхонаи хайриявист, гуфт, дар чаҳор соли пеш ин чойхонаи нимавалангорро харидорӣ карда, ҳоло дар он барои беш аз 100 нафар пиронсолони барҷомондаи шаҳри Қӯрғонтеппа ройгон ғизо медиҳад. Ба гуфтаи ӯ, дар оғоз ҳукумати Қӯрғонтеппа низ ин соҳибкоронро дастгирии молӣ мекардааст, аммо чанде пас аз таъйини Шарифхон Самиев ба мақоми раиси шаҳр, ин ошхона аз дастгирии молӣ маҳрум гардид ва ҳамакнун шаҳрдорӣ даъво дорад, ки ошхона баста шавад.
ЧАРО ФАЪОЛИЯТИ ОШХОНА ҚАТЪ ШУД?
Ба гуфтаи хонум Назирова, тибқи тавофуқи қаблӣ, 50 дарсади харҷи ғизои пирони барҷомондаро ҳукумати маҳаллӣ ба дӯш доштааст, ки чизе беш аз 2 сомонӣ, ё 50 сенти амрикоиро ташкил медиҳад, аммо ҳамон ҳам дар ним соли ахир ихтисос дода нашудааст. Ва гӯё ҳамин мушкили молии ҳукумат сабаби даъвои ҳукумат ба қатъи фаъолияти ягона ошхонаи хайриявии пиронсолони бекасу танҳо будааст.
Ин ҳам дар ҳолест, ки бисёре аз афроди солманде, ки дар ин ҷо ғизои ройгон тановул мекунанду ошхонаи мазкур ягона мавзеъи дарёфти ғизои моддию маънавӣ барояшон боқӣ мемонад, бо ин тасмими ҳукумати маҳаллӣ мухолифати шадид нишон дода, ҳамарӯза ба он ҳозир мешаванд.
ҚИССАИ РӮЗГОРИ ЯК БОЗНИШАСТА...
Кимиё Холиқова, бознишастаи 70-сола, мегӯяд, дар хона ду фарзанди маъюб дошта, ягон манбаъи даромад ба ҷуз аз маоши бознишастагӣ надоштааст. Биноан, вай дар нимаи ҳар рӯз ба ошхона барои ғизои бепул хӯрдан меояд, то харҷи хонааш кам шавад.
К. Холиқова: «Дар хона се маъюб дорем, аз ҷумла худам. Нафақапулии ман 40 сомонӣ аст, аз фарзандонам ҳам 80 сомонӣ. Аз куҷо мерасад? Хонапулӣ, газу барқу хизматрасонии дигари коммуналӣ – бояд маблағи бисёр пардохт. Барои зиндагӣ пул намемонад. Барои ҳамин, худам, ки пойи равон дорам, ба ҳамин ҷо меояд, то ки хӯрок бихӯрам ва аз ин ҳисоб каме пул захира кунам. Ба ҳамин баҳона, дар ин марказ пиронсолони дигарро вомехӯрам, дарди дил мекунем, сӯҳбат мекунему сабук мешавем…»
"МОРО АЗ МАҲАЛЛИ ҒИЗОХӮРИЯМОН МАҲРУМ НАКУНАНД"
Нина Сулейманова, ки 80 сол дорад, низ аз ҷумлаи афроди ниёзманд аст. Вай мегӯяд, ошхонаи хайриявӣ ба як умедгоҳи пиронсолони бекасу танҳо табдил ёфтааст, ки бастани дари он боиси аз гуруснагӣ фавтидани даҳҳо нафари бепаноҳ хоҳад шуд: «Ҳамаро пеш карданд. Ҳарчанд соҳибони ин чойхонаи пиронсолон аз ҳукумат маблағ напурсида, худашон омода ҳастанд, ки ба барҷомондаҳо ғизо диҳанд. Аммо ин соҳибкоронро намегузоранд, ки ин кори хайрро анҷом диҳанд. Мо бознишастаҳо аз мири шаҳр тавалло
мекунем, ки моро аз маҳалли ҷамъомаду ғизохӯриамон маҳрум накунад. Мо худамон метавонем тавассути пухтану фурӯхтани шарбату кулчақандҳо, ба нигоҳдошти ин ошхонаи мӯйсафедони бекасу танҳо мусоидат кунем. Мо дастурхони бодабдаба талаб надорем. Танҳо хӯроки сабуку чойи гарм ва як бурида нон кофист. Агар ҳукумати Самиев дархости моро нодида бигирад, мо ҳама як номаи дастаҷамъӣ навишта, ба Қасри Президент меравем ва арзамонро ба роҳбари давлат мерасонем», - мегӯяд ҳамсӯҳбати мо.
Хонум Сулейманова, ки дар гузашта солҳои тӯлонӣ дар мақомоти давлатӣ ифои вазифа кардааст гуфт, ягона чорае, ки ҳоло барояш боқӣ мемонад, ин аст, ки бояд биравад, ба канори роҳ бишинад ва садақаталабӣ кунад. Чунки худаш танҳо зиндагӣ мекунаду 84 сомонӣ нафақапулияш ба зиндагӣ кофӣ нест.
Рима Сафина, хонуми солманди рустабор аз Қӯрғонтеппа, низ аз мизоҷони ҳамарӯзаи ошхонаи хайриявӣ мебошад. Хабари басташавии ин ошхона ӯро ҳам хеле маъюс кардааст: «Агар фарзандонамон аз парастории мо даст намекашиданд, магар мӯҳтоҷ ба чунин ошхонаҳои хайриявӣ мешудем? Ман маҷбур ҳастам, ки 10 сол боз дар ба дари ошхонаҳо гардам. Ҳоло дар ҳақиқат ошхонаи моро бастанд. Пештар 100 нафар меомаданд. Ҳамаро ронданд. Бо ин вуҷуд ҳоло 20-22 мӯйсафед бо чашми умед ба ғизохӯрӣ меоянд. Рӯзгорамон дар ҳақиқат вазнин аст», - гуфт Р. Сафина.
МАҚОМОТ ЧИ МЕГӮЯНД?
Дар ҳамин ҳол Холмурод Шарифов, сардори раёсати ҳифзи иҷтимоии аҳолии Қӯрғонтеппа, иқрор кард, ки дар воқеъ ҳукумати маҳаллӣ дастури манъи фаъолияти ошхонаи хайриявии пиронсолонро содир кардааст. Аммо ба гуфтаи ӯ, ин тасмим хислати муваққатӣ дорад. Ба гуфтаи ҷаноби Шарифов, шаҳрдорӣ мехоҳад дақиқ бидонад, ки барои таъмини пиронсолони бекасу танҳо чӣ қадар маблағ сарф мешавад.
Биноан то пешниҳоди расмии харҷнома аз тарафи соҳибони ин ошхонаи хусусии хайриявӣ, ҳукумат дарҳои онро бастааст: «Ҳар як соҳибкор бояд ҳисобу китоби худро дошта бошад. Бояд муҳосиботашро барад ва вақте, ки аз тарафи мақомот ҳамин санадҳо талаб карда мешавад, маълумот пешниҳод карда тавонад, ки чӣ қадар хароҷот дораду чӣ қадар хӯрок медиҳад. Барои ҳамин аз 1-уми май ин ошхонаро мо гуфтем, ки баста мешавад. То дарёфти маблағ рафту омади мӯйсафедон қатъ карда шудааст…
Озодӣ: Ин ошхона аз соли 2008 фаъолият мекунад. Магар то имрӯз ягон мушкил дар ҳуҷҷатгузорӣ ё муҳосибот дошт?
Шарифов: На, чунин набуд. Мо танҳо мехоҳем, ки маълумоти дақиқ дошта бошем, оид ба хароҷоти ин ошхона.
Озодӣ: Яъне ки ҳукумати маҳаллӣ ягон шубҳае дар шаффофияти сарфи маблағи ихтисосдодааш ба ин ошхона дошт? Магар ягон далели истифодаи ғайримақсади маблағ дар ин ҷо ошкор шудааст?
Шарифов: Не, мушкил аслан дар ин нест…
Озодӣ: - Дуруст аст, ки маблағгузории маркази таомдиҳии ройгон дар соли ҷорӣ аз тарафи ҳукумати маҳаллӣ умуман сурат нагирифтааст?
Шарифов: Барои семоҳаи якуми имсол маблағ ҷудо шудааст. Аммо ба суратҳисоби ошхона нагузаштааст. Тибқи низоми пешина ҳар моҳ 5 ҳазор сомонӣ ва дар се моҳ 15 ҳазор сомонӣ барои таъмини ғизо дар ошхонаи мазкур ҷудо карда мешуд. Ҳоло бояд харҷномаи нав пешниҳод шавад.
Озодӣ: Тасмими, ба гуфтаи шумо, муваққатан бастани ошхонаи мазкур аз ҷониби кӣ гирифта шудааст ва барои чӣ?
Шарифов: Ин тасмими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Қӯрғонтеппа аст…
Озодӣ: Дуруст аст, ки раиси шаҳр Шарифхон Самиев шахсан дастур додааст барои манъи кори ошхона ва аз идомаи кораш дар ғазаб будааст?
Шарифов: Ин ҷо ягон ғараз нест, ягон сабаби ғайрикорӣ набуд. Самиев баръакс, мехоҳад, ки дар оянда ҳаҷми маблағи ҷудомешуда барои ғизои пиронсолон бештар карда шавад. Вай гуфт, ки бояд роҳе пайдо кунем, то ақаллан 5 сомонӣ дар рӯз барои таомашон ихтисос бидиҳем.
Ҷаноби Шарифов афзуд, ҳукумати маҳаллӣ қасд надорад, ки фаъолияти ошхонаи ройгон барои пиронсолонро батамом манъ кунад ва бо даст додани аввалин имкон, кори ин ошхона идома дода хоҳад шуд.
Ин ҳам дар ҳолест, ки соҳибмулкони ошхонаи мазкур мегӯянд, омода ҳастанд, ки ба манзури хайру сахо фаъолияти онро аз роҳи худмаблағгузорӣ давом бидиҳанд, агар ҳукумати маҳаллӣ монеаҳои сунъӣ эҷод накунад.

Раъно Назирова афзуд: «Дафъаи якум, рӯзи 27-уми апрел омада, гуфтанд, ки ҳукумат дигар маблағгузорӣ карда наметавонад, барои ҳамин ошхона бояд баста шавад. Мо ба пиронсолон фаҳмонидем, ки ҳамин хел фармон шудааст. Ду ҳафта ғизо надодемашон. Аммо ба дардмандию мӯҳтоҷии онҳо нигоҳ карда, дили одам реш мешавад. Ҳар рӯз меомаданд. Аз ҳисоби худамон барояшон хӯрок медодем. Намояндаи ҳукумат боз ба маркази мо омада, гуфт, ки раиси шаҳр Самиев дар ғазаб омадааст, вақте ки фаҳмидаст, ки соҳибкор аз ҳисоби худаш ба пиронсолони бекас таоми бепул медиҳад. Раис гуфтааст, ки инҳо чӣ ҳақ доранд, ки мӯйсафедони мазкурро нон медиҳад. «Онҳоро бурда дар манзили шахсияш нон бидиҳад!» Охир ин ошхона моли шахсии мо аст. Мо онро дар натиҷаи тендер харидорӣ карда, таъмиру бозсозӣ намудем. Чунки он дар коми оташ сӯхта, хеле валангор шуда буд, ин ҷо ба мавзеъи ахлотпартоии одамон табдил ёфта буд. Ин ошхонаро барои худамон харидорӣ ва таъмир карда будем. Аммо соли 2008, вақте ки ҷашни Ваҳдат дар Қӯрғонтеппа таҷлил мешуд ва Президент меомад, раиси пешини шаҳр Иззатулло Зоиров аз мо хоҳиш кард, ки ин ҷоро барои ғизодиҳии пиронсолони дардманду бесарпаноҳ оид кунем. Пазируфтем ва то ҳоло беш аз сад нафар меомаданд. Мо наметавонем, ки ин мӯҳтоҷонро биронем аз ин ҷо…»