Ҳамлаҳои нави НАТО алайҳи Троблус

Шаби панҷшанбе ва субҳи ҷумъа дар пойтахти Либия садои чандин таркиш шунида шудааст. Троблус чандин рӯз боз ҳадафи ҳамлаҳои ҳавоии НАТО қарор гирифтааст. Ибтидо садои 4 таркиш шоми паншанбе аз маркази Троблус ба гӯш расида, нимашаб 4 инфиҷори сангин дар маҳалли қароргоҳи Муаммар Қаззофӣ дар наздикии маркази шаҳр рух додааст. Хобгоҳҳои низомӣ дар ин минтақа дар ҳафтаи гузашта ҳадафи як силсила ҳамалот қарор дошт. Сухангӯи режими Либия Мӯсо Иброҳим дар аввали ҳафтаи равон гуфт, аз 19 март то 26 май бар асари ҳамлаҳои НАТО дар Либия 718 нафари мулкӣ кушта ва 4067 тан захмӣ шудаанд.