Кӯмаки молии Ҷопон барои таъмини Ҳамадонӣ бо об

Давлати Ҷопон барои обёрии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар ҷануби Тоҷикистон бештар аз 10 миллион доллар кӯмаки бебозгашт мекунад. Қарордод дар ин замина имрӯз Ҳамроҳхон Зарифӣ ва раҳбари намояндагии Оҷонси ҳамкориҳои байналмилалии Ҷопон имзо кардаанд. Маблағи мазкур барои беҳтар кардани шабакаҳои обрасонии чандин маҳалҳои ноҳияи мазкур сарф мешавад. Ҷопон барои иҷрои тарҳҳои иҷтимоӣ дар Тоҷикистон даҳҳо миллион доллар кӯмак кардааст.