Ширкати Гугл мегӯяд, дуздони интернетӣ дар Чин тавонистаанд ба пусти электронии садҳо мақоми баландпоя, ходимони ҳарбӣ ва журналистони Иёлоти Муттаҳида ворид шаванд. Гугл нагуфтааст, мансабдорони кадом бахше аз ҳукумати Амрико ҳадаф қарор ёфтаанд ва чӣ иттилое аз мукотибаи электронии онҳо рабуда шудааст. Рахна дар амнияти имейли Гугл, ки бо номи Ҷӣ-мейл машҳур аст, дар 17 моҳи охир бори дувум ва ин бор ҳам аз Чин иттифоқ меафтад.