Ҳалокати ду сарбози НАТО дар Афғонистон

Паймони Атлантики Шимолӣ мегӯяд, ду сарбози он дар даргириҳои шарқи Афғонистон кушта шудаанд. Ин ниҳод мансубияти миллии сарбозон ва ҷузъиёти ҳалокати онҳоро баён надоштааст. Бино бар хабари дигар дар инфиҷори як бомбаи сарироҳӣ дар вилояти шимолии Кундуз ду афсари полиси Афғонистон ба ҳалокат расидаанд. Дар ҷангҳои Ҳилманд, ҷануби Афғонистон, нӯҳ ситезаҷӯи эҳтимолӣ кушта шудаанд.