Вазири хориҷаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон қатли хабарнигори покистонӣ Саидсолим Шаҳзодро маҳкум ва аз азми мақомоти Покистон барои таҳқиқи ин қазия истиқбол кард. Шаҳзоди 40-сола, ки барои як хабаргузории Итолиё ва як сомонаи интернетӣ дар Ҳонгконг кор мекард ва дар бораи иртибототи байни низомиҳои Покистон ва шабакаи Ал-Қоида менавишт, рӯзи якшанбе ғайб зад. Ҷасади пур аз аломатҳои шиканҷаи ӯро дирӯз дар 150-километрии ҷануби Исломобод пайдо карданд. Вошингтон мегӯяд, матлабҳои Шаҳзод мушкилотеро, ки ифротгароӣ барои суботи Покистон эҷод мекунад, ба намоиш мегузошт.