Нахустин шаби Младич дар боздоштгоҳи додгоҳи Ҳейг

Боздоштгоҳи додгоҳи Ҳейг

Фармондеҳи собиқи нирӯҳои серби Босния Ратко Младич шаби гузаштаро дар боздоштгоҳи додгоҳи Ҳейг рӯз кардааст. Младичи 69-сола бояд акнун таҳти муоинаи табибон қарор гирифта, то чанд рӯзи дигар барои бори аввал ба ин додгоҳи байналмилалӣ эҳзор шавад. Нерма Йелачич, сухангӯи додгоҳи Ҳейг гуфт: «Ин дар воқеъ як нуқтаи атф барои додгоҳ аст ва мо хеле хушем, ки ӯро ба даст овардем ва акнун метавонем, ба муҳокимааш идома диҳем.»
Младич дирӯз тавассути ҳавопаймои давлатии Сербистон аз Белград ба Ҳейг мустарид шуд. Ӯ баъди 16 соли фирор дар ҳафтаи гузашта дар рустое дар Сербистон боздошт шуд. Додгоҳи Ҳейг генерал Младичро ба даст доштан дар ҷиноёти ҷанг, ҷиноёт алайҳи башарият ва наслкушӣ дар солҳои ҷанги Босния, аз ҷумла ба қатли 8000 марду навраси мусалмон дар Сребренитса дар соли 1995, айбдор мекунад.