Дар Тоҷикистон Утоқи ҳисоб ташкил хоҳад шуд. Қонуни Утоқи ҳисоб имрӯз аз сӯи Маҷлиси намояндагон, маҷлиси поёнии парлумони Тоҷикистон тасвиб шуд ва ин ниҳод акнун болотарин мақоми назорати молӣ дар кишвар мешавад. Муовини вазири молияи Тоҷикистон Ҷамшед Норинов гуфт, Утоқи ҳисоб ба хотири таҳкими назорат бар манобеъи молӣ ва ҳам анҷоми арзёбиву аудити берунии будҷаи кишвар ташкил хоҳад шуд. Ӯ афзуд, Утоқи ҳисоб бахше аз салоҳиятҳои Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистонро низ хоҳад гирифт. Аудиторҳои Утоқи ҳисоб бо пешниҳоди раисиҷумҳур аз сӯи парлумон барои 7 сол таъйин шуда, як нафар танҳо ба ду давраи ҳафтсолаи кор дар ин ниҳод ҳаққ хоҳад дошт.