Федератсияи Футболи Англия имрӯз аз Федератсияи Байналмилалии Футбол хост, бо авҷ гирифтани моҷарои ришвахорӣ дар ин созмон, интихоби раиси ояндаашро ба таъхир андозад. Қарор аст, интихоби раиси ФИФА, ки дар ягона номзад ба ин мақом, Сепп Блаттер, раиси феълии он аст, рӯзи чаҳоршанбе баргузор шавад. Муҳаммад Бин Ҳаммом, номзади дигар баъди таҳқиқи қазияи ришвахориаш аз тарафи кумиссиёни ахлоқии ФИФА номзадиаш аз ин мақомро пас гирифт ва ҳоло аз тамоми фаъолиятҳои марбут ба футбол маҳрум шудааст. Нишасти ФИФА имрӯз дар шаҳри Сюрихи Швейтсария оғоз мешавад ва барои танҳо дар сурати ризоияти сеяки 208 аъзои он ҳақ доранд, замони интихоби раиси навро ба таъхир андозанд.