Бо ҳосил надодани миёнҷигарии Якоб Зума, раиси ҷумҳури Африқои Ҷанубӣ барои ҳалли муноқиша дар Либия, ҳавопаймоҳои НАТО, ҳамлаҳо ҳавоӣ ба нерӯҳои Муаммар Қаззофиро аз сар гирифтаанд. Ба гузориши телевизиони давлатии Либия, ҳадафҳое дар шаҳри Троблус пойтахт ва ҷануби он шаҳри Ал-Ҷафра мавриди ҳамла қарор гирифтанд. Рӯзи душанбе Якоб Зума, бо намояндагӣ аз Иттиҳодияи Африқо бо Муаммар Қаззофӣ, раҳбари Либия мулоқот кард ва гуфт, ӯ ҳозир аст, дар сурати хатми ҳамлаҳои НАТО алайҳи нерӯҳои ӯ ба созиши сулҳ мувофиқат кунад. Аммо ин пешниҳод аз тарафи шӯришиён рад шуд, зеро доир ба шарти аслии онҳо, яъне аз қудрат канорагирӣ кардани Муаммар Қаззофӣ чизе гуфта нашудааст.