Ифтитоҳи парванда зидди шавҳари Нино Бурҷанадзе

Мақомоти Гурҷистон шавҳари яке аз раҳбарони асоси мухолифон Нино Бурҷанадзеро ба ташкили гурӯҳҳои ниманизомӣ ва ҳамла ба полис дар ҷараёни тазоҳуроти ҳафтаи гузаштаи Тифлис айбдор карданд. Муфаттишон мегӯянд, хостори боздошти Бадрӣ Битсадзе шудаанд. Айбномаи зидди ӯ ба баёноти аъзои гурӯҳи мухолифони Бурҷанадзе ва маводи видеоиву асноди дигар асос ёфтааст. Панҷшанбеи гузашта полиси зидди ошӯб тазоҳуроти мухолифони раисиҷумҳур Михаил Саакашвилиро бо зӯр пароканда кард. Ин дар ҳоле буд, ки иҷзоаи расмии мухолифон барои тазоҳурот ба поён расида, ҳукумат аз онҳо холӣ кардани майдони марказиро дархост намуд. Як корманди полис ва як афсари собиқ замоне ба ҳалокат расиданд, ки васоити нақлияи мухолифон бо суръати баланд онҳоро аз пой афтонд.