Нируҳои Сурия шаҳраки марказиро ба оташ кашиданд

Фаъолони Сурия мегӯянд, нируҳои давлатӣ шаҳракеро дар вилояти Ҳомс аз тӯпхона оташборон кардаанд. Ҳадафи ин оташборӣ саркӯбии тазоҳуроти мухолифон аст, ки дар он чанд нафар ба қатл расидаанд. Ба шаҳраки Тоблиса низ оташ кушодаанд ва дар боми масҷидҳо нишонзанҳо нишаста будаанд. Нируҳои Сурия бо ҳимояти тонкҳо ин ималиётро дар шаҳраки Тоблиса ба поён расондаанд. Дар ду шаҳр 11 нафар кушта шудаанд. Гурӯҳҳои ҳуқуқи башар мегӯянд. Аз оғози тазоҳуроти эътирозӣ дар Сурия то ҳол бештар аз 1 000 нафар кушта ва 10 000 нафар боздошт шудаанд.