Имрӯз ҳавопаймоҳои ҷангии Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ-раиси ҷумҳури Яман дар шаҳри соҳилии Зинҷибар воқеъ дар ҷануби ин кишвар ҳамлаҳои ҳавоӣ анҷом доданд. Бино ба гузоришҳо, ин шаҳр ба дасти шӯришиён гузаштааст. Мухолифон дар ин шаҳр тақозо доранд, ки баъд аз 30 соли ҳокимият раиси ҷумҳур аз мақоми худ истеъфо диҳад. Бино ба гузоришҳои расида, бомдоди имрӯз дар ҳамлаи низомиён ба тазоҳуркунандагон дар шаҳри Таиз 20 нафар кушта шуданд. Таиз дуввумин шаҳри бузурги Яман аст ва маҳали аслии тазоҳуроти мухолифон дар ин кишвар ба шумор меравад.