Тоҷикистон тарҳи безараргардонӣ ва коркарди лампаҳои каммасрафро рӯи даст гирифтааст.
Дар таркиби лампаҳои каммасраф, ки маҳлули симоб мавҷуд аст, дар сурати ба партовгоҳҳои маъмулӣ партофтани он, симоб ба ҳавою хок паҳн
шуда, ба сиҳатии сокинон ва зистмуҳитӣ зиён мерасонад.
Аз сӯи дигар, иқтисоддонҳои тоҷик беосебгардониву коркарди дубораи лампаҳои каммасрафро аз нигоҳи бардошти суди иқтисодӣ низ як амри зарурӣ медонанд.
Тайи ду соле, ки дар Тоҷикистон истифодаи лампаҳои каммасраф ба ҷойи чароғҳои “илйичӣ” маъмулӣ шуд, сокинон лампаҳои корношоямгаштаро ба партовгоҳҳои умумӣ мепартоянд. Бархе ҳам дар хонаи худ нигаҳ медоранд, ба умеде, ки рӯзе корхонае онҳоро ҷамъ хоҳад овард.
Маҳина, як ҷавонзан аз Хуҷанд мегӯяд: “Лампаҳои каммасраф хуб аст, вале нархаш гарон. Як донааш аз 4 то 9 сомонӣ. Мехарем, зуд месӯзад. Мегӯянд, ки ба партови умумӣ партоем, симобаш ба одамону табиат зарар дорад. Ҷойе қабул намекунад. Ба куҷо супорем, намедонем.”
ЯК ЛАМПАИ НАВ БА ҶОИ ЛАМПАҲОИ КОРНОШОЯМ?
Дар Тоҷикистон омори дақиқи воридоти лампаҳои каммасраф ва дар корхонаҳои дохилӣ истеҳсолшудаву адади корношоямгаштаи он вуҷуд надорад.
Манобеи ғайрирасмӣ мегӯянд, ҳарсола дар Тоҷикистон ҳудуди 100 ҳазор лампаи каммасраф корношоям мегардад. Барномаи ҳукуматӣ аз моҳи марти соли ҷорӣ пешбинӣ мекунад, ки нахуст чунин лампаҳо аз сокинон ҷамъоварӣ ва дар марҳилаи дуюм аз нав коркард шавад.
Баҳридин Нозимов, муовини раҳбари идораи хоҷагиву коммуналии ҳукумати Суғд мегӯяд: “Дар қарори ҳукумат гуфта шудааст, ки сокинон ба супурдани лампаҳои корношоям ҳавасманд гардонида шаванд. Ба ҷойи ду-се лампаи корношоям ба онҳо як лампаи нав ё маблағ дода шавад. Роҳи ҳалли ин мушкил бар дӯши мақомоти ҳукуматҳо, аз ҷумла шӯъбаи мо гузошта шудааст.”
МАҚОМОТ: "РОҲИ ҲАЛРО ТО ҲОЛО ПАЙДО НАКАРДАЕМ"
Ба бозорҳои Тоҷикистон лампаҳои каммасраф умдатан аз Чину Русия ворид мегардад. Ҳамзамон ду корхонаи маҳаллӣ дар шаҳрҳои Чкалову Исфара, шимоли Тоҷикистон, ин гуна лампаҳоро ба фурӯш мебароранд. Аммо ба гуфтаи сокинон, сифати ин лампаҳои каммасраф боло нест, зуд месӯзад ё ба навъе дигар корношоям мегардад.
Ҳамин тариқи мушкили беосеб кардани лампаҳои корношоям дар Тоҷикистон доғтар мегардад.
Аскар Абдувалиев, раҳбари идораи ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд: “Мушкили аввал ин, ки дар Тоҷикистон, аз ҷумла вилояти Суғд ҳанӯз корхонаи демаркуризатсия, яъне беосеб ва таҷзияи ҷузъҳои лампаҳои каммасраф вуҷуд надорад. Мушкили дигари мо, ин чӣ тавр ҷамъ овардани лампаҳои каммасрафи корношоям аз аҳолӣ аст. Хуб, аз корхонаву муассисаҳо ҷамъ кардан то дараҷае мумкин. Аммо роҳи чӣ тавр аз аҳолӣ ҷамъ оварданро ҳал карда натавониста истодаем. Агар касе ҳам лампаҳоро аз аҳолӣ бар ивази маблағ ҷамъ орад, баъд он маблағи худро бо чӣ роҳ бозпас мегирад?”
"АЗ ЛАМПАҲОИ КОРНОШОЯМ МАҲЛУЛИ СИМОБ МЕГИРЕМ"
Барномаи ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати ҳалли ин мушкил боз кардани 5 корхонаи беосебгардонии лампаҳои каммасрафро дар кишвар дар тӯли солҳои 2011-2012 ба як идда ниҳодҳои ҳукуматӣ бо ҷалби сармояҳои дохиливу хориҷӣ дастур додааст. Аммо номушаххасии манбаи маблағгузорӣ татбиқи онро дар ҳоли ҳозир сангин кардааст.
Ҳоло дар вилояти Суғд ширкати «Тамохуш» дар шаҳри Исфара дар садади боз кардани нахустин чунин корхона аст. Идрис Саидов, сармуҳандиси ширкати мазкур мегӯяд, ширкаташ барои безараргардони лампаҳои каммасраф дастгоҳҳо ва шароити заруриро дар ихтиёр дорад.
Вай афзуд: "Мо аз лампаи корношоям қисмҳои фулузӣ, шиша ва маҳлули симобашро ҷудо мекунем. Сипас, шишаашро ба корхонаи “Лаъл”, фулузашро ба корхонаҳои коркарди фулуз ва маҳлули симобашро ба корхонаи симоби “Ҳайдаркон”-и Қирғизистон медиҳем ё безарар мегардонем."
ЧОРАҶӮӢ ДАР НИМИ РОҲ
Масаид Шерматов, устоди факултаи физикаю математикаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд мегӯяд, таҷзия ва коркарди лампаҳои каммасраф аз нигоҳи он, ки дар таркиби он фулузоти қимат истифода шудааст, барои иқтисоди Тоҷикистон судовар хоҳад буд.
Ба гуфтаи вай, буғи симоб дар таркиби чунин лампаҳо ночиз аст, аммо дар сурати шикастани он, ҳавои манзил ва партофтани он ба партовгоҳҳои умумӣ ҳавою хоки Тоҷикистон олудаву заҳролуд мегардад.
Аммо ба гуфтаи сармуҳандиси ширкати "Тамохуш", аз рӯи таҷрибаи ҷаҳонӣ, бояд тоҷирон ва ширкатҳои ворид ва тавлидкунандаи лампаҳои каммасраф, бар изофаи пардохти андоз аз арзиши изофа ба хазинаи давлат, арзиши безараргардонии онро низ пардохт кунанд. То ин, ки давлат бо корбурди он маблағ тавонад занҷири истеҳсолии ҷамъовариву беосебгардонии лампаҳои каммасрафро ба кор надозад. Қоидае, ки дар Тоҷикистон аз сар риоят нашуда, ҳамакнун дар нимароҳ барои ҳалли он чора меҷӯянд.
Манобеи ғайрирасмӣ мегӯянд, ҳарсола дар Тоҷикистон ҳудуди 100 ҳазор лампаи каммасраф корношоям мегардад...