Сафари узви Порлумони Аврупо Струан Стивенсон ба Тоҷикистон

Раиси гурӯҳи байнипорлумонии тағйири иқлим, муҳити зист ва рушди пойдор дар Порлумони Аврупо, Струан Стивенсон қарор аст, рӯзи душанбеи 30-юми май ба Тоҷикистон сафар кунад. Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон хабар додааст, ки дар ин сафари дурӯза Стивенсон бо намояндагони порлумон ва ҷомеаи мадании Тоҷикистон мулоқот хоҳад кард. Вай дар расонаҳо ҳамчун яке аз ҳомиёни тарҳи нерӯгоҳи барқии обии Роғун маъруф аст ва пас аз сафари қаблияш ба Тоҷикистон дар моҳи сентябри соли гузашта аз ҳукуматҳои Иттиҳоди Аврупо даъват кард, аз Тоҷикистон ва бунёдит нерӯгоҳи Роғун ҳамчун манбаи нерӯи аз лиҳози экологӣ пок ва арзон ҳимоят кунанд.