Баъд аз як занозании гурӯҳӣ дар байни чеченҳо ва тоҷикон дар шаҳри Уфаи Русия, 2 чечен ва 18 тоҷик боздошт шудаанд. 13 нафар дар додгоҳ муҳокима шуда, қарор аст, шаҳрвандони Тоҷикистон аз Русия ихроҷ гарданд. Ёдовар мешавем, дар ин занозанӣ рӯзи 23-юми май дар Уфа наздик ба 300 нафар ширкат карда, даҳҳо тан шадидан маҷрӯҳ шудаанд.