Яке аз бузургтарин ширкатҳои саноати ҳарбии Амрико, “Локҳид Мартин”, ки асосан ба тавлиди ҳавопаймоҳои ҳарбии Ф-16, Ф-22 ва Ф-35 машғул аст, ҳадафи ҳамлаи интернетӣ қарор гирифтааст. Ангали номаълум шабакаи асосии иттилоотии ширкатро тахриб кардааст. Сарони ширкати “Локҳид Мартин” мегӯянд, ин як ҳамла густарда ва харобиовар буд, вале ширкат тавонист, маълумоти махфии хешро ҳифз кунад. Вазорати дифои АМрико мегӯяд, сарчашмаи ҳамла маълум нест ва воқеа мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст.