Бино ба гузоришҳо, мақомоти Миср, як эрониро, ки дар дафтари намояндагии Ҷумҳурии Исломӣ дар Қоҳира кор мекард, боздошт кардаанд. Телевизиони Ал-Арабия, ин фардро Козим Ҳусайнӣ ва як дипломат хонда ва гуфтааст, ӯро барои “нақлу интиқоли иттилоъ” боздошт кардаанд. Боздошти ин фард, дар миёни талошҳои Эрону Миср барои беҳбуди муносибот сурат мегирад. Ду кишвар аз соли 1979 то кунун равобити дипломатӣ надоранд, чун баъди сулҳ бастани Миср бо Исроил, Эрон муносибот бо Мисрро қатъ кард.