Нахустин эҳзори Ратко Младич ба додгоҳ

Генерал Ратко Младич, фармондеҳи собиқи нирӯҳои серби Босния, дирӯз дар пайи боздошташ ба додгоҳи ҷиноёти ҷанг дар Белград эҳзор шуд. Вакили ӯ Милош Салич гуфт, қозӣ маҷбур шуд ба далели “ҳолати мушкили равониву ҷисмонӣ”-и Младичро бозпурсиро қатъ кунад. Аммо муовини додситони ин додгоҳ Бруно Векарич баръакс гуфт, ки Младич “хеле хушсӯҳбат” буд ва табибон бояд рӯзи ҷумъа маълум кунанд, ки оё ӯ барои эҳзор ба додгоҳ омода ҳаст ё на.
Младич, ки аз сӯи додгоҳи байналмилалии Ҳейг ба даст доштан дар ҷиноёти ҷанг ва наслкушӣ дар солҳои 1992-1995 дар ҷараёни ҷанги Босния айбдор мешавад, баъди 16 соли фирор дар рустое дар тақрибан 100-километрии Белград, пойтахти Сербистон, боздошт шуд.
Мақомот мегӯянд, раванди истирдоди ӯ ба додгоҳи Ҳейг то як ҳафта такмил хоҳад шуд.