Порлумони Қирғизистон, Кимо Килюнен, раиси кумиссиёни байналмилалии пажӯҳиши низоъҳои қавмӣ дар он кишварро “фарди номатлуб” эълом кард. Вакилони қирғиз мегӯянд, Кимо Килюнен ҳангоми таҳқиқи сабабҳои низоъҳои хунини миёни қирғизу ӯзбакҳо аз ҷудоихоҳони ӯзбак ришва гирифтааст ва хулосаи кумиссиён ҳам яктарафа аст. Аммо Кимо Килюнен, сиёсатмадори фин ва Фиристодаи хоси Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар Осиёи Марказӣ ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфт, ин дурӯғ аст: "Ин шояд шӯхӣ бошад, ин дурӯғ аст. Ман на аз Ӯзбакистон, на аз кишвар ё тарафи дигаре чизе нагирифтаам." Дар низоъҳои миёни қирғизу ӯзбакҳо дар шаҳрҳои Ӯш ва Ҷалолобод дар моҳи июни соли 2010 470 нафар кушта шуданд. Кумиссиёни байналмилалӣ гуфт, дар ин муноқиша ӯзбакҳо бештар ранҷ кашидаанд.