Қурбониёни даргириҳои Яман афзоиш ёфтааст

Даргириҳо дар наздики вазорати умури дохилаи Яман дар шаҳри Санъо ҳам мушоҳида шудааст.

Бо шиддат гирифтани даргирӣ миёни нерӯҳои давлатӣ ва мухолифони Алӣ Абдулло Солеҳ, раиси ҷумҳури Яман, даҳҳо нафар кушта шудаанд. Бино ба гузоришҳо, субҳи имрӯз таркишҳои қавие пойтахт шаҳри Яманро такон додааст ва як телевизиони мухолифон ҳам вайрон шудааст. Амрико ба баъзе аз дипломатҳо ва хонаводаҳои онҳо дастур додааст, то Яманро тарк кунанд. Ба иттилоъи хабаргузории расмии САБА, шаби гузашта дар ҷангҳо 24 нафар кушта шудаанд ва теъдоди қурбониён аз рӯзи душанбе то кунун ба 64 нафар расид. Садҳо ҳазор яманӣ бо шурӯъи тазоҳурот аз моҳи феврал хостори барканории Алӣ Абдулло Солеҳ шуданд, ки 32 сол боз дар Яман ҳукумат мекунад.