Раҳмон болоравии нархҳоро кори "ҷаллобҳо" номид

Эмомалӣ Раҳмон

Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар зодгоҳаш – ноҳияи Данғара аз афзоиши, ба бовари ӯ, бедалели нархи маҳсулоти ғизоӣ дар кишвар изҳори ташвиш кард. Оқои Раҳмон мӯътақид аст, ки нархҳоро бо роҳҳои сунъӣ "ҷаллобҳо" боло мебаранд. Ӯ гуфт, давлат алайҳи чунин афрод ва ширкатҳо ҳатман иқдом хоҳад кард ва барои танзими нархҳо як қонуни вижа низ шояд таҳия шавад.
Тоҷикистон тайи як моҳи охир дар пайи афзоиши нархи маводи сӯхт ба болоравии башиддати боқӣ анвоъи маҳсулот, аз ҷумла маҳсулоти ғизоӣ ррӯбарӯ шудааст. Ин дар ҳолест, ки беш аз нисфи ҷамъияти ин кишвар дар зери хатти фақр ба сар мебарад ва маоши ҳадди ақал дар Тоҷикистон ҳамагӣ 60 сомонӣ, муодили наздики 13 доллари амрикоист.