Қайду шарти кӯмакҳои ояндаи Аврупо ба ҳамсоягонаш

Иттиҳоди Аврупо нақша дорад, кӯмакҳои худро ба ҳамсоягонаш бо назардошти пешрафтҳо дар ислоҳоти демократӣ ихтисос диҳад. Изҳороти Бруссел, ки равобит бо ҳамсояҳояшро дар Ховари Миёна, Шимоли Африқо ва Шӯравии пешин дар барномаи “Мушоракати ҳамсояҳои Аврупо”
ба танзим меорад, дар ҳоле садо медиҳад, ки дар бархе аз ин мамолик тазоҳуроти демократӣ ҷараён дорад. Раҳбари сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо, Кэтрин Эштон, дар нишасти хабарӣ дар Бруссел гуфт:

“Болотар аз ҳама мо чизеро мехоҳем, ки коршарикӣ ном дорад. Мо чизи зиёде пешниҳод мекунем ва аз ҷомеаву иқтисодҳои пешрафта дар ҳамсоягиии худ хеле манфиати зиёд хоҳем дошт. Сармоягузорие, ки мо барои тарафдорони демократия, озодӣ ва ҳаёти беҳтар мекунем, сармоягузорие барои ҳамсоягони қавии ҳамкори мо, сармоягузорӣ барои мардуми Аврупо низ аст.”

Қаблан барномаи “Мушоракати ҳамсояҳои Аврупо” барои бартарӣ доданаш ва субот дар баробари тағйир мавриди танқид қарор дошт. Кумиссюни Аврупо пешниҳод кардааст, ки кӯмак ба 16 кишвари ин барнома барои давраи то соли 2013 ба 7 миллиард евро расонда шавад.