Обама ва Камерон: Фишор ба Қаззофӣ кам нахоҳад шуд

Раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, Барак Обама, ва сарвазири Британия, Дейвид Камерон имрӯз эълом доштанд, ки дар фишор рӯйи раҳбари Либия, Муаммар Қаззофӣ, ба ҳеҷ гуна заъф роҳ дода нахоҳад шуд. Обама ва Камерон, ҳарду, даъватҳо ба истеъфои Қаззофиро такрор карданд. Обама ҳамчунин гуфт, дар мулоқоти сарони Ҳаштгонаи пешрафтаи саноатӣ дар Фаронса масъалаи ҳимоят аз мардумсолорӣ дар Ховари Миёнаро баҳс хоҳад кард. Дертар Обама дар порлумони Британия паёми асосии сафари худро изҳор хоҳад дошт, ки ба нақши муштараки Иёлоти Муттаҳида ва Аврупо дар таъмини амнияти ҷаҳонӣ бахшида мешавад.