Гуфтушуниди Обама ва Камерон дар Лондон

Раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, Барак Обама, дар идомаи сафараш дар Британия бо сарвазири ин кишвар, Дейвид Камерон гуфтушунид хоҳад кард. Ду раҳбар қарор аст, таъсиси ҷабҳаи мушатараки худро дар муқобили раҳбари Либия, Муаммар Қаззофӣ, эълом доранд. Дертар Обама дар порлумони Британия паёми асосии сафари худро изҳор хоҳад дошт, ки ба нақши мушатараки Иёлоти Муттаҳида ва Аврупо дар таъмини амнияти ҷаҳонӣ бахшида хоҳад шуд. Обама дар сафари худ ба Аврупо, ки як ҳафта идома мекунад, аз чаҳор кишвар дидан хоҳад кард.