Парвандаи пурсарусадои 7 гумонбар ба узвияти гурӯҳи сарҳанги шӯришӣ Маҳмуд Худойбердиев ба дасти додгоҳи вилояти Хатлон расидааст.
Баҳром Шомиров, муфаттиши парвандаи мазкур аз додситонии вилояти Хатлон, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ин парвандаи ҷиноӣ чаҳор моҳи ахир мавриди тафтиш қарор дошта, ҳамакнун барои баррасӣ ба додгоҳ фиристода шуд.
Ба иддаои додситонӣ, ин ҳафт нафари муттаҳам, ки моҳи январи соли ҷорӣ боздошт шуда буданд, дар гузашта аз тарафдорони Ёқуб Салимов, аз қумандонони собиқ дар Фронти халқӣ ва вазири пешини корҳои дохилии кишвар, будаанд, ки ҳоло дар зиндон ба сар мебарад.
Умаралӣ Қурбонзода Саидқул Эшонқулов, Қудратулло Қодиров, Шамсиддин Ғуломов, Раҷабалӣ Ғафуров, Икром Турахонов ва Ҳокимҷон Донаев, ки сокинони навоҳии Румӣ ва Вахши вилояти Хатлон будаанд, бар асоси шаш банди кодекси ҷиноятии Тоҷикистон, аз ҷумла ташкили воҳидҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ, бандитизм, ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ, бо зӯроварӣ ғасб намудан ё нигоҳ доштани ҳокимият ва исёни мусаллаҳона муттаҳам дониста мешаванд.
Муфаттиш Баҳром Шомиров гуфт: "Ин ҳафт нафар аз зумраи 35 сокини ҷавони маҳаллӣ будааст, ки бо супориши Ёқуб Салимов ва Маҳмуд Худойбердиев, дар соли 1998, ба Узбакистон рафта, он ҷо ба иттиҳоди ҷиноятии созмондодаи М. Худойбердиев шомил шудаанд. Онҳо тахминан охирҳои моҳи марти соли 1998 ба Давлати Исломии Афғонистон бо ҳамроҳии 800 нафар аз минтақаи Хайратони вилояти Сурхандарёи Узбекистон ба воситаи қаиқҳо гузашта, бо сарварии Худойбердиев Маҳмуд, Сергей Зваригин ва Абдурасулов Анвар дар бошишгоҳи ҳарбии генерали афғон Дустум муддати 5 моҳ машқҳои тактикию ҷангиро меомӯзанд…"
Дар парвандаи ҷиноятии мазкур ҳамчунин гуфта мешавад, ки ин афрод "…моҳи октябри соли 1998, баъди гирифтани таълимоти 5-моҳаи ҷангӣ аз ҷониби генерал Дустум, ба воситаи кӯпруке, ки Афғонистонро бо Узбакистон дар минтақаи Хайратон мепайвандад, вориди ин кишвар шуда, дар минтақаи Ҷиззах то 15 шабонарӯз барои ҳуҷуми мусаллаҳона ва бо мақсади кӯшиши табадуллоти давлатӣ дар Тоҷикистон омодагӣ мебинанд."
Муфаттиш Баҳром Шомиров: "Шаби 3 ба 4-уми ноябри соли 1998 ин гурӯҳ аз тарафи Худойбердиев М. ва Нарзулло Дӯстов бо яроқҳои оташфишон муҷаҳазонида шуда, тахминан соатҳои 2 ба 3-и шаб ба вилояти Суғди Тоҷикистон бо мақсади ғасби ҳокимият ҳуҷуми мусаллаҳона карда, тахминан муддати 3 шабонарӯз ҳамаи иншоот ва идораҳои дорои аҳамияти стратегӣ доштаи ин минтақаи ҷумҳуриро зери назорати худ қарор медиҳанд. Ин гурӯҳи ҷиноятпешаи яроқдор бинои ШКД-и ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғдро ғасб намуда, дар даромадгоҳи ноҳияи Айнии вилояти Суғд дидбонгоҳи ғайриқонунӣ ташкил дода, ба қувваҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқобилияти мусаллаҳона нишон медиҳанд. Аммо ба муқовимат тоб наоварда, пас аз се шабонарӯз ба самти Узбакистон фирор мекунанд…"
Ба иттилоъи мақомоти додситонӣ, аксари афроди муттаҳам, дар солҳои ахир дар хориҷ аз кишвар, ғолибан Узбакистону Русия будубош карда, бо ҳадафи ҷалби ҷавонон ба гурӯҳи созмонёфтаи Худойбердиев ва анҷоми амалиёти тахрибкорӣ дар Хатлон, ба Тоҷикистон баргаштаанд.
Ин ҳам дар ҳолест, ки Саидҷаббор Алиев, вакили мудофеъи ҳуқуқи яке аз ин ҳафт нафари муттаҳам, ба радиои Озодӣ гуфт, нафари зери ҳимояташ ба мисли даҳҳо ҷавони дигари хатлонӣ ғайриихтиёр ва ноогоҳона ба гурӯҳи Худойбердиев пайвастаанд. Вай афзуд, ҳоло наметавонад чизе дар робита ба парвандаи зерҳимояташ бигӯяд:
“Ман намехоҳам тактик ва стратегияи ҳимоятамро аз қабл ошкор кунам. Ҳоло омода нестам, ки дар бораи парвандаи мазкур чизе бигӯям ё онро шарҳ диҳам. Танҳо ҳамин қадар гуфта метавонам, ки то ин замон масъулони тафтишот дархостҳои вакилони мудофеъро қонеъ мекарданд ва дар ҷараёни тафтишот ҳуқуқи гумонбарон поймол нашудааст ва он дар чаҳорчӯби қонунҳои ҷории кишвар сурат гирифтааст...”
Ҷаноби Алиев афзуд, дар солҳои 90-уми асри гузашта аксари кулли аскарон бе ягон фармони расмӣ ё бастани қарордод ба воҳиди ҳарбии Маҳмуд Худойбердиев пайваста буданд ва азбаски Худойбердиев фармондеҳи бригадаи низомии назди Президент буд, сарбозон дар амалкардҳои ин қисми ҳарбӣ шубҳае надоштанд.
Бо ин ҳама, суоли боз ин аст, ки чаро имрӯз номи Ёқуб Салимов дар парвандаи ҷиноятии пайравони Маҳмуд Худойбердиев пайдо шуд? Ва пайравони сарҳанги шӯришӣ чаро аз гурӯҳи Ёқуб Салимов ё бо супориши ӯ, тавре ки додситонӣ мегӯяд, ба сафи сарбозони Худойбердиев пайвастанд?
Баҳром Шомиров, муфаттиши додситонии Хатлон, дар ин робита мегӯяд: "Ёқуб Салимов худаш бевосита ин гурӯҳро таъсис надодааст. Балки ҷонибдорони ӯ ихтиёран ба гурӯҳи Худойбердиев шомил шудаанд. Вақте ки мо маҳкумшуда Ёқуб Салимовро дар зиндон бозпурсӣ кардем, вай гуфт, ки он замон дар Туркия қарор дошт ва чизе дар бораи пайвастани тарафдоронаш ба гурӯҳи полковники шӯришгар намедонист. Ёқуб Салимов гуфт, ки баъди бозгашт аз тарафдоронаш даъват кардааст, ки бо Маҳмуд Худойбердиев ҳамроҳ нашаванд, аммо на ҳамаашон ба ҳарфи Салимов гӯш додаанд. Бисёриҳо ба Тоҷикистон баргаштаанду як қисмашон бо Маҳмуд мондаанд, ки ҳамакнун дар Тоҷикистон боздошт шудаанд..."
Ҳоло додгоҳи Хатлон ба баррасии парвандаи 7 гумонбар дар пайравӣ аз гурӯҳи созмонёфтаи Маҳмуд Худойбердиев шурӯъ накардааст. Ҳуқуқшиносон мегӯянд, дар сурати исбот шудани гуноҳи афроди муттаҳам дар мурофиаи додгоҳӣ, онҳоро ҷазои ҳадди аксар ҳабси абад интизор хоҳад буд.