Елизаветаи дуввум, маликаи Бритониёи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ, имрӯз Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико ва ҳамсари ӯ Мишелро расман ба ҳузур пазируфт. Раиси ҷумҳури Амрико, назар ба барномаи расмӣ зудтар вориди Ландан шуд, то абрҳои хокистарии оташфишони фаъоли Исландия монеъи парвози ҳавопаймояш нашавад. Сафари Барак Обама ба Аврупо рӯзи душанбе бо боздидаш аз Ирландия, оғоз ёфт. Барак Обама ва Дейвид Кемерон, нахуствазири Бритониё дар мақолаи муштараке дар рӯзномаи “Таймс” навиштаанд, ҳамкории ду кишвар “барои мо ва тамоми ҷаҳон зарурист.” Қарор аст, ҳарду рӯзи чаҳоршанбе мулоқот кунанд. Барак Обама баъди Бритониё барои ширкат дар нишасти гурӯҳи Ҷи-8 ба Фаронса ва сипас ба Лаҳистон сафар мекунад.