Гурҷистон обистани инқилоби дигар?

Мухолифони гурҷӣ барои чаҳорумин рӯз ба нишонаи эътироз дар Тифлис гирди ҳам омада ва истеъфои раиси ҷумҳурро тақозо доранд.
Ҳудуди 200 нафар шаби гузашта дар назди бинои телевизиони ғайридавлатӣ хайма заданд ва шабро дар он ҷо рӯз карданд. Онҳо дар он ҷо минбаре бардоштаанд ва онро бо шиорҳои “Мо барои демократия мубориза мекунем”, “Миша бояд биравад” оро додаанд.

МУХОЛИФОНИ ГУРҶӢ ДАР ХИЁБОНҲОИ ТИФЛИС

Вале шумораи эътирозкунандгон нисбат ба рӯзи аввали тазоҳурот, яъне 21-уми май камтар шудааст. Он рӯз ҳазорон нафар дар назди бинои ин телевизион гирдиҳам омаданд ва Саакашвилиро муттаҳам карда буданд, ки вай дар умури раҳбарӣ аз шеваҳои даврони Шӯравӣ истифода мекунад.

Тазоҳуркунандагони доимӣ, ки созмондиҳандагони гирдиҳамоӣ низ мебошанд, ба Саакашвилӣ то 25-уми май вақт додаанд, ки ба таври сулҳомез аз мақомаш истеъфо диҳад. Тазоҳуроти онҳо сулҳомез аст, вале
Михойил Саакашвилӣ

22-юми май вақте, ки тазоҳуркунандагон барои ҳамла ба мошинҳои атроф аз пораҳои оҳан истифода карданд, пулис бар зидди онҳо гази ашковар ва калтакҳои резиниро ба кор бурд, то мӯътаризонро пароканда созад.

Дар посух тазоҳуркунандагон мегуфтанд, ки полис дӯстони онҳоро боздошт ва ба мошинҳо шинонда буд ва онҳо мехостанд дӯсти худро раҳо кунанд. Яке аз шохаҳои тундрави мухолифони давлат мегӯяд, ки Саакашвилӣ тақрибан 8 сол дар Гурҷистон ҳукм рондааст.

Аммо гурӯҳи дигари мухолифон бо номи гурӯҳи 8, ки то андозае ислоҳотталаб ҳастанд, аз тазоҳуркунандагони аслӣ худро канор гирифтанд. Ба ин гурӯҳ Ираклӣ Аласания, намояндаи пешини Гурҷистон дар СММ раҳбарӣ мекунад.

ДӮСТОНИ СААКАШВИЛӢ ДАР ҶАБҲАИ МУҚОБИЛ

Хонум Нино Бурҷанадзе, ки дар инқилоби соли 2003-и Гурҷистон муттаҳиди калидии Саакашвилӣ буд ва вайро ба пирӯзӣ раҳнамоӣ кард, ҳоло раҳбарии ба истилоҳ “инқилоб”-ро ба даст гирифтааст ва мехоҳад, ки Саакашвилӣ истеъфо диҳад. Ба гуфтаи вай, раиси ҷумҳур дар умури раҳбарӣ ба шеваҳои худкомагӣ ва нодидагирӣ такя задааст.

Тазоҳуроти мухолифон дар Гурҷистон



Хонум Бурҷанадзе ба радиои Озодӣ гуфт, саркӯбии мухолифон аз тарафи Саакашвилӣ интихоботро бе аҳамият кардааст: “Ҳеҷ гоҳ дар таърих раҳбарияти ғайридемократӣ ва худкома набудааст, ки аз роҳи интихобот ба қудрат расида бошад. Ҳеҷ гоҳ чунин нашудааст. Дирӯз ман ба унвони хатари нооромиҳо суханони шахсияти бузурги Амрико Ҷон Кеннедиро ба забон овардам. Вай гуфтааст, ҳар раҳбаре, ки инқилоби сулҳомезро ғайриимкон месозад, вай роҳро ба сӯи инқилоби хушунатомез боз мекунад.”

МУХОЛИФОНИ ГУРҶӢ БА ҲАМ МЕОЯНД

Дар паси ин тазоҳуроти эътирозии ошкор ҷунбиши мухолифон бо номи Маҷмаи Мардумӣ ба раҳбарии Нино Бурҷанадзе қарор дорад, ки ба он Ҳизби Гурҷистон ба раҳбарии Созар Субарӣ-бозраси пешин ё омбудсмени пешин ва Леван Гачечиладзе-миллионери Гурҷистон пайвастаанд. Ин ду гурӯҳ дар гузашта рақиби якдигар буданд. Вале рӯзи якшанбе Гачечиладзе дасти Нино Бурҷанадзеро фишурд ва вайро самимона ба оғӯш кашида гуфт, ки ояндаи кишвар муҳимтар аз рақобатҳои сисёсист: “Ман Леван Гачечиладзе, шахсан аз ҳар чизе дар бораи сарнавишти меҳанам фаромӯш кардаам ва ҳоло дар назди ҳамаи шумо ба хонум Нино даст медиҳам.”

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Талаби эътирозгарон: "Саакашвилӣ биравад!"



Раҳбари Ҳизби Гурҷистон-Ираклӣ Окруашвилӣ, ки замоне вазири корҳои дохилии ҳукумати Саакашвилӣ буд, аз соли 2007 дар Фаронса ба сар мебарад. Давлати Саакашвилӣ вайро барои ришвахорӣ муттаҳам ва дар ғиёбаш парванда боз кардааст. Вай гуфтааст, ки 25-уми май ба Тифлис бармегардад, дар рӯзе, ки хонум Бурҷанадзе ва дигарон рӯзи ниҳоии ҳокимияти раиси ҷумҳур эълон кардаанд. Аммо вазорати корҳои дохилии Гурҷистон эълон кардааст, ки баробари бозгашт Окруашвилиро боздошт хоҳанд кард.

ШАБАҲИ РУСИЯ ДАР ГУРҶИСТОН


Ҳамзамон Русия ба истилоҳ чашм аз тазоҳуроти эътирозии Гурҷистон намеканад. Шабакаҳои телевизионии ин кишвар тазоҳурот дар Гурҷистонро ба таври васеъ пӯшиш медиҳанд. Маскав ҳеҷ гоҳ бо Саакашвилӣ муносибати самимӣ надоштааст. Раҳбарони Кремл ҳамеша талош кардаанд, эътибори Саакашвилиро поин бибаранд, зеро вай ба таври ошкоро Гурҷистонро бо Ғарб наздик мекард ва нуфузи императорӣ ё тавсеаталабонаи Русия дар Гурҷистон маҳдуд мешуд.

Соли 2013 мӯҳлати раёсати ҷумҳурии Михаил Саакашвилӣ ба поён мерасад ва вай мехоҳад мисли Владимир Путин ба курсии нахуствазирӣ биншинад ва нақши қавиро дар Гурҷистон дар даст дошта бошад.

Таҳлилгарон мегӯянд, шабаҳи Русия дар Гурҷистон ба таври васеъ мушоҳида мешавад, ҳам дар суфуфи мухолифон ва ҳам дар дохили ҳизби ҳоким. Дастандаркорони Кремл тасмим гирифтаанд, ки хати маши сиёсии Гурҷистонро раҳнамоӣ кунанд.