Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар авоили моҳи оянда ба 4 кишвари Аврупо сафарҳои расмӣ анҷом хоҳад дод. Бино ба хабари дафтари матбуоти раёсатҷумҳурӣ, силсиласафари Раҳмон ба Аврупо аз 5 то 12 июн идома карда, ӯ тайи ин як ҳафта аз Фаронсаву Люксембург ва Австрияву Венгрия дидан хоҳад кард. Интизор меравад, дар Фаронса Эмомалӣ Раҳмон бо раиси ин ҷумҳурӣ Никола Саркозӣ мулоқот карда, дар парлумони Аврупо ҳам суханронӣ кунад.