Ҷамъияти Тоҷикистон тайи даҳаи аввали асри кунунӣ 23 дарсад афзуда, ба 7 миллиону 565 ҳазор нафар расидааст. Чунин аст натоиҷи муқаддамотии нуфусшумории моҳи сентябр, ки Интерфакс аз қавли мақомоти Ожонси омори Тоҷикистон хабар додааст. Бино ба ин манбаъ, аз соли 2000 то соли 2010 аҳолии Тоҷикистон 1 миллиону 438 ҳазор нафар ва ҷамъияти шаҳрҳояш дар ин муддат 379 ҳазор нафар бештар шудааст. Ожонси омор мегӯяд, феълан 27 дарсади аҳолии кишвар дар шаҳрҳо ва 73 дарсадаш дар рустоҳо ба сар мебарад.
Натоиҷи ниҳоии нуфусшумории ахири Тоҷикистон, қарор аст, дар соли 2013 нашр шавад.
Натоиҷи ниҳоии нуфусшумории ахири Тоҷикистон, қарор аст, дар соли 2013 нашр шавад.