Обама имрӯз вориди Бритониё мешавад

Обама дар Ирландия

Имрӯз, 24 май, дар Порис бо ширкати вазири хориҷаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон тантанаҳои дурӯза ба муносибати солгарди 50-уми таъсиси Созмони ҳамкорӣ ва рушди иқтисодӣ (OECD) шурӯъ мешавад. Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама имрӯз ба дунболи боздид аз Ирландия бо як сафари серӯза вориди Бритониё мешавад. Ҳамтои фаронсавии ӯ Никола Саркозӣ имрӯзу фардо бо раҳбарони ширкатҳои интернетии кишварҳои гурӯҳи Ҷӣ8 мулоқот мекунад.
Вазири хориҷаи Узбакистон Владимир Норов низ имрӯз бо як сафари серӯза ба Олмон меравад.