Раисиҷумҳури Яман Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ дигарбора аз имзои қарордоди истеъфояш даст кашид. Эътирозҳо бо талаби истеъфои Солеҳ, ки 33 сол боз бар ин фақиртарин кишвари нимқораи Араб ҳукумат меронад, аз аввали сол идома дошта, то имрӯз беш аз 170 кушта ба ҷо гузоштааст. Солеҳ дирӯз дар охирин лаҳза аз имзои қарордоде, ки таҳти ҳимояти кишварҳои халиҷ ва Амрико таҳия шудааст, даст кашид. Ин қарордод дар сурати дар зарфи 30 рӯзи оянда истеъфо додани Солеҳ ба ӯ аз ҳар навъ таъқиб масуният эъто мекард. Телевизиони давлатии Яман гуфт, Солеҳ танҳо дар ҳузури раҳбарони мухолифин, ки ҳанӯз рӯзи шанбе ба ин санад имзо гузоштанд, имзои худро хоҳад гузошт.Ин бори севвум аст, ки Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ аз имзои ин роҳҳали буҳрони Яман даст мекашад.
Шӯрои ҳамкории Халиҷ дар пай гуфт, ба далели “адами шароити муносиб” миёнҷигиаш дар буҳрони Яманро мутаваққиф мекунад.
Шӯрои ҳамкории Халиҷ дар пай гуфт, ба далели “адами шароити муносиб” миёнҷигиаш дар буҳрони Яманро мутаваққиф мекунад.