Расулов барандаи ҷоизаи беҳтарин коргардони филм шуд

Муҳаммад Расулов-коргардони филмҳои эронӣ дар ҷашнвораи байналмиллалии филми Канн дар Фаронса барандаи ҷоизаи беҳтарин коргардони филм шуд. Ин ҷоизаро барои филми “Ба умеди дидор” ба вай доданд. Филм дар бораи як вакили мудофеи Эрон ҳикоят мекунад, ки барои дарёфти раводиди хориҷӣ ва хуруҷ аз Эрон маҷбур мешавад ба тадбирҳои ғайриқобили тасаввур даст бизанад. Худи коргардон натавонист дар ин ҷашнвора ширкат кунад ва ба ҷои вай хонумаш ҷоизаро гирифт. Расулов моҳи декабр ба 6 соли зиндон маҳкум шуд ва аз сафар ба хориҷ маҳрум шудааст. Вай ҳамчунин ҳақ надошт 20 сол филм таҳия кунад. Расулов баъдтар бо васиқа аз зиндон раҳо шуд, вале наметавонад ба хориҷ сафар кунад.