Кетрин Эштон аз Бенғозии Либия боздид мекунад

Кетрин Эштон

Кетрин Эштон-раиси сиёсати хориҷии Иттиҳодия Аврупо имрӯз аз Либия боздид кард, то бад-ин васила ҳимояти худро аз шӯришиёни ин кишвар нишон диҳад. Шӯришиён мехоҳанд нируҳои НАТО ба мавозеи Муаммар Қаззофӣ-раҳбари Либия зарбаҳои нави ҳавоӣ бизананд. Эштон мехоҳад дар ҷараёни ин боздид дар шаҳри Бенғозӣ-маркази шӯришиёни Либия намояндагии Иттиҳодияи Аврупоро боз кунад ва бад-ин тариқ равобити дипломатӣ бо шӯришиёни Либия барқарор шавад. Хонум Эштон нахустин мақоми баландпояи Аврупост, ки баъд аз оғози муборизаҳо бар зидди режими Қаззофӣ аз ин кишвар боздид мекунад.