Хатари таҳдиди малах дар кишварҳои минтақа

FAO ё созмони ғизо ва кишоварзӣ изҳороте пахш кардааст, ки агар тадобири зарурӣ андешида нашавад, “абрҳо”-и малах ба шимоли Афғонистон ва ҷануби Русия сарозер хоҳанд шуд. Бино ба ин изҳорот ҳоло дар минтақа се навъи малах тухм гузоштаанд: малахи италявӣ, мароқандӣ ва малахҳои омада. Ин малахҳо ба тамоми навъи зироат ҳамла мебаранд ва пас аз худ замини сиёҳи беҳосилро боқӣ мегузоранд. Арманистону Озарбойҷон, Қирғизистону Тоҷикистон ва Туркманистону Узбакистон низ доираи хатари малах дониста мешаванд. FAO эълон кардааст, ки барои наҷоти 25 миллион ҳектор замин аз шарри малах кӯмак мекунад. Зери назари ин созмон барномаи панҷсола таҳия мешавад ва дар ин муддат дар кишварҳои мазкур тавоноии онҳо ва ҳамкориҳои минтақаӣ барои нобудии малах бояд боло равад.