Дар Сурия ба дафни кушташудагон омодагӣ мегиранд

Дар Сурия муътаризон ба дафни ҷонибдорони кушташудаи худ омодагӣ мегиранд. Рӯзи ҷумъа дар натиҷаи саркӯбии тазоҳуроти ҷонибдорони демократия афроди зиёд кушта шуданд. Аммар Қурабӣ-раҳбари Созмони Миллии Ҳуқуқи башар дар Сурия гуфт, рӯзи ҷумъа шумораи кушташудагон дар ин кишвар ба 44 нафар расидааст. Аксари онҳо дар вилояти Идлиб ва дар шаҳри Ҳомс кушта шудаанд. Гурӯҳҳои ҳуқуқи башар мегӯянд, аз моҳи март, яъне аз оғози тазоҳуроти зидди режими Башор Асад то ҳол бештар аз 800 нафар дар Сурия дар тирандозии нируҳои амниятӣ бар зидди тазоҳуркунандагон ба қатл расидаанд.