3 кушта дар инфиҷоре дар шифохонаи Кобул

Имрӯз дар шифохонаи бузурги Кобул инфиҷоре рух дод ва дар ин ҳодиса 3 нафар кушта, чанд тани дигар ҷароҳат бардоштанд. Муҳаммад Зоҳир Азимӣ- сухангӯи вазорати дифои Афғонистон гуфт, ин инфиҷор дар дохили хаймае дар ҳавлии шифохонаи низомии Муҳаммад Довудхон рух додааст. Ба гуфтаи вай дар ин ҷо пизишкони низомӣ омӯзиш медидаанд. Аммо матбуоти Афғонистон хабар додааст, ки он инфиҷори интиҳорӣ будааст.