Истиқболи Иттиҳодияи Аврупо аз даъвати Обама

Кэтрин Эштон

Иттиҳодияи Аврупо аз даъвати раисиҷумҳури Амрико Барак Обама барои аз сар гирифтани музокироти сулҳи Ховари Миёна дар асоси эътирофи марзҳои то соли 1967 истиқбол мекунад.

Дар ин бора намояндаи олии Иттиҳодияи Аврупо дар умури сиёсати хориҷӣ Кэтрин Эштон хабар дод.

Хонум Ангела Меркел, садри аъзами Олмон дар бораи даъвати Барак Обама гуфт, "ман фикр мекунам, ки пешниҳоди баргузории музокирот дар асоси марзҳои соли 1967 ва табдили қаламравҳо – ман фақат дар бораи баррасии пешниҳод ҳарф мезанам ва на дар бораи пайгирии қатъии он – ин пешниҳоди дуруст ва иҷрошаванда барои ҳарду ҷониб аст".

Рӯзи панҷшанбе Барак Обама дар суханронии худ оид ба таҳаввулоти Ховари Миёна ва шимоли Африқо хостори таъсиси давлати Фаластин дар марзҳои то соли 1967 шуд.

Ва аммо сарвазири Исроил Бенямин Нетаняху ин пешниҳодро рад кард ва изҳор намуд, ки дар ин сурат маҳаллаҳои зиёди яҳудинишин берун аз марзҳои феълии кишвар хоҳанд монд. Айни ҳол тақрибан 300 ҳазор исроилиҳо дар манотиқи ишғолии Каронаи бохтарии руди Урдун ба сар мебаранд.

Ин мавзӯъ имрӯз дар музокироти Барак Обама ва Бенямин Нетаняху дар Вошингтон баррасӣ мешавад.