Мудири собиқи IMF таҳти васиқа озод мешавад

Стросс Кан, номзади эҳтимолӣ ба мақоми раиси ҷумҳури Фаронса буд

Як додгоҳи шаҳри Ню Йорк дар Амрико, амр дод, то Доминик Стросс Кан, мудири собиқи Сандуқи Байналмилалии Пул таҳти васиқа аз зиндон раҳо шавад. Ӯро як хидматгори меҳмонхонае дар шаҳри Ню Йорк ба озорӣ ҷинсӣ ва дастдарозӣ ба номусаш муттаҳам мекунад. Иддаъое, ки ҷониби муттаҳам рад мекунад. Васиқа барои озодии Доминик Стросс Канн дар маҷмӯъ 6 миллион долларро ташкил мекунад. Ӯ дар ҳабси хонагӣ қарор хоҳад дошт ва наметавонад, бе иҷоза аз онҷо хориҷ шавад. Рӯзи гузашта Доминик Стросс Канн аз мақоми мудири Сандуқи Байналмилалии Пул истеъфо дод.