Кишварҳои узви Ҷомеъаи муштаракулманофеъ дар бораи номзади ягона ба мақоми раиси Сандуқи байнулмилалии пул ба созиш расиданд.
Сарвазирони кишварҳои узв дар нишасте дар Минск ба ин мақом раиси Бонки миллии Қазоқистон Григорий Марченкоро пешбарӣ карданд.
Аз ин пеш садри аъзами Олмон Ангела Меркел ва раиси Комиссиюни Аврупо Жозе Мануэл Баррозу изҳор намуданд, ки ҷойгузини Доминик Стросс-Кан дар мақоми раиси Сандуқи байнулмилалии пул бояд аз Аврупо бошад.
Стросс-Кан имрӯз бо пахши як изҳорот аз мақомаш истеъфо дод ва ҳамзамон иттиҳоми таҷовуз ба номуси пешхизмати меҳмонхонаро қатъӣ рад кардааст. Раиси собиқи Сандуқи байнулмилалии пул дар яке аз маҳбасҳои шаҳри Ню-Йорк таҳти назорати шадид қарор дорад.
Чанд рӯз пеш як пешхизмати меҳмонсаро дар Ню-Йорк Доминик Стросс-Канро дар таҷовуз ба номус айбдор кард.
Имрӯз додгоҳ дархости нави вакилони мудофеъи Стросс-Кан барои раҳоии ӯ баъд аз пардохти кафолатпулиро баррасӣ хоҳад кард. Дархости аввал аз сӯи додгоҳ рад шуда буд.