Нашри паёми охирини Бин Лодин дар Интернет

Созмони терористии Ал-Қоида паёми охирини Усома Бин Лоданро нашр кард, ки қабл аз кушта шуданаш аз тарафи нерӯҳои амрикоӣ дар Покистон сабт шудааст. Раҳбари собиқи Ал-Қоида аз қиёмҳои мардумӣ дар кишварҳои арабиро сутуда ва пирӯзии ин қиёмҳо дар Мисру Тунис ибрози хушҳолӣ кардааст. Ин навори аудиоии 12 дақиқаӣ дар торнамоҳои ифротгароёни исломӣ нашр шудааст.