Натоиҷи боздиди Ислом Каримов аз Ҳинд

Каримов дар Деҳлии нав

Ҳинду Узбакистон имрӯз ҷиҳати тақвият ва ба сатҳи “мушорикати дарозмуддати стротегӣ” расондани равобит тааҳҳуд супурданд. Бар асоси баёнияе, ки баъди мулоқоти сарвазири Ҳинд Мунмаҳон Сингҳ бо раисиҷумҳури Узбакистон Ислом Каримов дар Деҳлии нав нашр шуд, зимни ин сафар байни ду кишвар 34 қарордод дар соҳоте, чун фанновариҳо, нафту газ, дорусозӣ, саноати сабук ва бонкдориву турзим имзо шудааст. Каримов имрӯз қабл аз бозгашташ ба Тошканд бо ҳамтои ҳиндии худ Пратибҳа Патил низ мулоқот мекунад.