Гаҳе пушти зину гаҳе зин ба пушт

Акс аз бойгонӣ аст

Дар маҳаллае, ки мо зиндагӣ мекунем, аслан одамони доро ва мансабдор ё ба истилоҳ элита зиндагӣ мекунанд. Хонаҳое, ки мисли хонаи мо аз як ошёна иборат бошанд, қариб, ки дида намешавад.
Хонаи ҳамсояи мо мисли афсона буд ва ҳар роҳгузар гарданашро 80 дараҷа тоб дода онро тамошо мекард...


Дар паси ин хонаҳои бодабдаба, манзили хоксоронаи мо ва боз як ду ҳамсояи дигарамон ба назарҳо наменамояд. Дар рӯзҳои боронӣ аз порисаҳои баланди ин биноҳои боҳашамат болои бом ва рӯйи ҳавлиҳоямон ҳамеша пуробу пурлой мешавад.

Вале ҳамсояи чунин афроди доро будан як хубӣ дорад. Масалан, мо агар ба ягон меҳмони роҳгумзадаамон суроғаи манзиламонро гуфтанӣ шавем, нишонаҳои манзили сеошёнаву дакаданги ҳамсояҳои сарватмандамонро мегӯем ва меҳмон ҳамоно ба осонӣ ва зуд хонаи моро дар паси он ёфта меоянд.

10 соли пеш яке чунин ҳамсояҳои мо хонаи дуошёнаашро ба касе фурӯхт, ки дар як мижа задан онро сеошёна ва ба тарзи тамоман чашмнодиду гӯшношунид таъмир кард. Қисмати зиёди онро соҳиби нави хона шишакорӣ карда буд, ки рӯзона аз нури офтоб ва дар шаб аз чароғҳои зиёди атрофи ҳавлӣ ҷило медод. Хонаи ҳамсояи мо мисли афсона буд ва ҳар роҳгузар гарданашро 80 дараҷа тоб дода онро тамошо мекард.

Мо, ки он вақт наврас будем, аз тарқиши дарвозаи кандакоришудаву зебо медидем, ки саҳни ҳавлиро фаввораҳо ва ҳавзи оббозӣ, роҳравҳои гулпӯш оро медод. Бошандагони ин хона кам берун мебаромаданду кӯдаконашон бо бачаҳои ҳамсоя бозӣ карданро ба худ эб намедиданд.

Марди хонаводаро бошад ягон бор пиёда надидаем. Мошини зебову қиммат танҳо баъд аз вориди ҳавли шудан соҳибашро пиёда мекард. Ё мо кӯдакони кунҷкоб медидем, ки бо салобат ҳамсояи мо қадамзанон рафта савори мошинаш мешуд. Вале бештар ин ҳамсояи нави мо шабона меҳмон қабул мекард. Шаб аз нисф мегузашту равуои мошинҳо ва одамон ба хонаи ҳамсояи мо кам намешуд. Агар маъракае мекард, болои дастурхонаш ба ғайр аз шири мурғ дигар ҳама чиз ёфт мешуд.

Баъдҳо зани ҳамсояи мо дар баъзе маъракаҳо пайдо мешудагӣ шуд. Вай ҳамеша дар тан куртаи камбаҳо ва пеши бозор ва дар гардану дастонаш зару зевари бисёр дошт. Ҳамсоязанҳо дар маъракаҳояшон ба ӯ хушомад зада таъому қандалот ва хӯришҳоро аз пеши дигарон гирифта пеши ӯ мегузоштанд.

Аммо чикора будани ҳамсояи нав ва аз куҷо будани ин ҳама дороиҳояш, суоле буд, ки қариб ҳама дар пурсуҷӯи ҷавоби он буданд.
Хонаи зебо ва афсонавие, ки мо ҳамсояҳо бо ҳасад ҷонибаш нигоҳ мекардем, ҳоло соҳиб надорад. Мегӯянд қарздорҳояш онро аз худ кардаанд. Зани хушлибосу пурзевар ва фарзандони нозпарвари ӯ куҷо шуданд, ҳеҷ кас намедонад...


Фурсати каме аз миёна нагузашта буд, ки занҳо даст пеши даҳон гирифтаву гӯшакикунон овоза карданд, ки ҳамсояи нави мо мафиоз буда ба фурӯши маводи мухаддир машғул будааст. Ҳамоно дар маъракаҳо зани ҳамсояи мафиози мо болонишин буду ба касе гап намедод. Вай дастак зада даҳон кафккунонида аз дороии бе ҳадду ҳисоби худу ақрабояш қисса мекард ва дигарон ба даҳон об гирифта ӯро гӯш мекарданд. Чунки агар дигарон барои тӯйи ҳамсоя 10 сомонӣ ё 20 сомонӣ ҷамъ кунанд, вай 50 сомонӣ медод ва ё тӯҳфаи қимматбаҳое мебурд.

Овозае паҳн шуд, ки ҳамсояи нашъафурӯши мо дар ҳавлиаш зиндон ҳам доштааст, ки қарздорон ва бадхоҳонашро дар он нигоҳ медорад ва азобу шиканҷа медиҳад. Аммо бисёриҳо ба ин бовар намекарданд ва ин овозаро муболиғаи аз ҳад зиёд медонистанд. Вале як бегоҳ мо ҳамсояҳо шоҳиди ҳоле шудем, ки ба дурустии ин овоза бовар кардем.

Як бегоҳ садои гиряву дуои бади пиразане ҳамсояҳоро гӯшбақимор кард. Пиразан аввал занги дарвозаи ҳамсояи мафиози моро зер кард, ки касе набаромад. Ӯ баъдан ба доду фиғон шурӯъ кард.

Вай мегуфт: "Бачама чӣ кор кардӣ, нашъамандуш кардӣ бас набуд, ки бо зиндониш кардӣ. Бачама сар деҳ мегӯм, э хонасухта! Илоҳо, ин ҷоҳу ҷалолут ай сарут бимона. Ҳамаи инора ту аз ҳисоби бадбахтии мардум, бачаҳои ҷавон ва оби дидаи мо модарон ҷамъ кардаӣ. Кӣ инро намедона охир? Ҳамара ту бо пул харидаӣ охир, барои ҳамин ҳеҷ кас ба ту кор надора. Э фалонии бачамурда, бачама бидеҳ мегӯм, ки ҳами ҳоли худма дар ҳами пеши хонат алов сар метум..."

Ду соат бештар пиразан дар паси дарвозаи ҳамсояи мо оҳу фиғон карда бошад ҳам, касе набаромад ва ҷавобаш надод. Пиразан ноумеду гирякунон ва ҳамоно дуои бадкунон онҷоро тарк гуфт.

Аз ин ҳодиса як сол нагузашта буд, ки ҳамсояи мафиози моро дар кадом як шаҳри Русия ҳангоми бурдани ҳероин боздошт ва ба солҳои тӯлонӣ равонаи зиндон карданд.

Хонаи зебо ва афсонавие, ки мо ҳамсояҳо бо ҳасад ҷонибаш нигоҳ мекардем, ҳоло соҳиб надорад. Мегӯянд қарздорҳояш онро аз худ кардаанд. Зани хушлибосу пурзевар ва фарзандони нозпарвари ӯ куҷо шуданд, ҳеҷ кас намедонад. Вале акунун ҳамсояҳои миёнаҳоле ҳамчун мо, ки нимаи нонро роҳати ҷон медонанд, ба меҳмононони роҳгумзадаашон мегӯянд, "ҳо хонаи мафиоз буд-ку, нашъафурӯш, ки қапида зиндонуш карданд, сеошёна, ана хонаи мо дар паси ҳамон аст."

Сайрам Қурбонова, сокини пойтахт

Масъули бахш: Сафаргули Олимӣ