Арнолд Шварсеннегер, губернатори собиқи аёлати Калифорния эътироф кард, ки падари фарзанди яке хидматгорони хонааш аст. Терминатори маъруф гуфт, ин фарзанд, ҳосили иртиботи даҳ соли пеш бо як зани хидматгор аст. Чанд рӯз пештар аз ин Арнолд Шварсеннегер ва ҳамсараш Мария Шривер эълом карданд, ки баъди 25 соли зиндагӣ аз ҳам ҷудо мешаванд.