Дар Туркманистон авфи умум эълом шуд

Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раиси ҷумҳури Туркманистон, ба муносибати рӯзи ваҳдати миллӣ, ки имрӯз таҷлил мешавад, авфи умум эълом кард. Аммо маълум нест, чанд нафар зиндонӣ авф мешавад. Дар Туркманистон рӯзи таваллуди Махтумқулӣ, падари адабиёти туркманиро ҳар сол ба ҳайси рӯзи ваҳдати миллӣ таҷлил мекунанд. Махтумқулӣ соли 1733 ба дунё омадааст ва марқади ӯ дар рустое дар вилояти Гулистони Эрон аст.