Коршиканӣ дар як майдони азими нафти Қазоқистон

Садҳо нафар аз коргарони майдони нафтии Қаражанбос, дар ғарби Қазоқистон бо талаби афзудани музди корашон ба коршиканӣ пардохтаанд. Ба гузориши бахши қазоқии Радиои Озодӣ, ин коргарон ҳамчунин мехоҳанд, то маҳдудиятҳои фаъолияти иттиҳодияҳои мустақили коргарӣ аз байн бардошта шавад. Наталя Соколова, ҳуқуқдони иттиҳодияҳои мустақили коргарӣ дар минтақаи Мангистау гуфт, мақомоти ҳукуматӣ ва додситонӣ бо коргарони норозӣ гуфтӯгу доранд.