Доку Умаров: Марги Бен Лоден моро аз роҳ барнамегардонад

Доку Умаров

Доку Умаров-раҳбари шӯришиёни чечен гуфтааст, куштори Усома Бен Лоден шӯришиёнро аз роҳашон барнамегардонад ва Русия барои онҳо “майдони ҷанг” хоҳад буд. Доку Умаров чанд сол аст фаъолияти шӯришиёнро дар Қафқози Шимолӣ раҳбарӣ мекунад ва мехоҳад дар Чеченистон ва соири кишварҳои Қафқоз “Аморати Қафқоз” ташкил диҳад. Умаров масълулияти ҳамаи ҳамлаҳо дар қаламрави Русияро бар ӯҳда гирифт. Инфиҷори моҳи январ дар фурудгоҳи Домодедовои Маскав аз ҷумлаи онҳост.