Ҳукумати Амрико барномаи хеш барои амнтар кардани Интернетро муаррифӣ кард. Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷа рӯзи душанбе гуфт, Амрико бо кишварҳои дигар талош мекунад, то Интернет ҳамчунон як манбаъи боз барои дарёфти иттилоъ бимонад: "Амрико дар сатҳи байнамилал барои рушди як зербунёди мухобиротии боз, созгор, амн ва манбаъи иттилоъи қобили эътимод талош меварзад, ки ба тиҷорату додугирифти байналмилалӣ мусоидат мекунад, амнияти байналмилалиро тақвият ва озодии баён ва навовариро ривоҷ мебахшад." Ҳукумати Амрико бо лаҳни қотеъе гуфт, агар шабакаҳои мухобиротиаш мавриди ҳамлаи хатарноки интернетӣ қарор бигиранд, аз нерӯи низомӣ истифода хоҳад кард. Солҳои ахир ҷиноятҳои интернетӣ зиёд шудааст ва раҳбарони ҷаҳон сари он баҳс доранд, чӣ гуна ҳамкориро барои монеъ шудан ба ин навъи ҷиноятҳо тақвият бахшанд.